
Имрӯз кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинон бо истифода аз боду ҳавои мусоид шанбегии умумӣ ташкил намуда, кӯчаҳои марказӣ, назди бинои ташкилоту муассисаҳо ва ҷӯйборҳоро тоза намуда, дарахтон ва ниҳолҳои ороиширо ба тартиб дароварда, дар назди як қатор ташкилотҳо дарахтони ороишӣ шинонида шуд.
Ҳамчунин дар ҷамоатҳои деҳот баҳри омодагӣ ба кишти баҳорӣ заҳбуру заҳкашҳо бо истифода аз техникаҳои махсус тоза карда шуда, сокинон ба таври дастаҷамъона кӯчаву маҳалла, заминҳои кишоварзии атрофи шоҳроҳ, гузаргоҳҳо ва селроҳаҳоро тоза намуданд.
Маъракаи тозагии умумӣ бо мақсади ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашнҳои давлатӣ ва миллии дарпешистода, аз ҷумла ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар пайваста ташкил карда шуда, бо назардошти боду ҳавои муносиб шанбегиҳои умумии тозагӣ пайваста доир карда мешаванд.