НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲО ДАР СОЛИ 2020

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъбасти солонаи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода баргузор гардид.

22_80.jpgДоир ба фаълияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давоми соли 2020 муовини якуми раиси ноҳия Алӣ Тоҷиев гузориш дода, изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ соҳаҳо бо натиҷаҳои назаррас соли сипаришударо ҷамъбаст намуданд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи муовини якуми раиси ноҳия, на ҳама имконият ва зарфият дар ин самт истифода гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастии ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Иброҳимиён Акмал иштирок ва оид ба дурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давоми соли сипаришуда суханронӣ намуданд.

33_31.jpgДар интиҳо раиси ноҳия баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба масъулин супоришҳои дахлдор дода, барои фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ карда шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.