Конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Фаъолияти тахрибкорона ва зиддимиллии ташкилоти экстремистию террористиии ҳизби наҳзати ислом ва пайомадҳои ногувори он»

Рӯзи 14 январи соли равон дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Фаъолияти тахрибкорона ва зидди миллии ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом ва пайомадҳои ногувори он» баргузор гардид.

11_18.jpgДар ин конфронс, ки таҳти раёсати муовини раисиви лояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ доир гардид, мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оила, маориф, ҷавонон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, олимону донишмандони муассисаҳои олии таълимӣ, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти штирок доштанд.

Фирӯза Шарифӣ зимни ифтитоҳи кори конфронс қайд намуд, ки бо вуҷуди нияти неки роҳбарияти давлату ҳукумат, барои таъмини сулҳу ҳамзистии осоишта ба хотири ояндаи неки миллату меҳан, аъзои ТЭТ ҲНИ аз аввал ба ташкил ва иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ даст ба кор шуданд.

33_30.jpgБинобар ин, 29 сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуд.

Пешвои миллат қатъиян изҳор доштаанд, ки мо ҳаргиз муҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеона маҳкум мекунем.

44_12.jpg- ТЭТ ҲНИ созмони хурофотпараст ва тундгаро буда, бо нақша ва ҳадафҳои нопоки худ барои амалӣ намудани чандин ҷинояти махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани ҳокимияти давлатӣ ва сарнагун намудани ҳукумати қонунӣ бо пуштибонӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиаш мехост сохти конститутсионии давлати моро тағйир дода, ҳокимиятро ба дасти худ гирад, - афзуд муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ – Ҷавонони тоҷик ҳамчун зодаи замони истиқлолият бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба гурӯҳҳои мамнӯи экстремистиву террористӣ, ки онҳо аз номи ислом истифода намуда, барои амалисозии ҳадафҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳ ба сӯйи худ ҷалб мекунанд, мубориза баранд.

Дар идома маърӯзачиён ва баромадкунандаҳои конференсияи вилоятии илмӣ-амалии «Фаъолияти тахрибкорона ва зидди миллии ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом ва пайомадҳои ногувори он» Шоев Зиёвуддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадӣ Шарифзода – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Дилором Маҳкамова – номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав доир ба решаҳои ғоявии зуҳуроти экстремизм ва терроризми динӣ ва роҳҳои пешгирии он, пайомадҳои ногувори амалҳои тахрибкоронаи наҳзатиён, ҷиноятҳои мудҳиши собиқ аъзои ТЭТ ҳизби наҳзат дар кишвари Афғонистон дар солҳои 1992-1997 ибрози назар намуданд.

Қайд гардид, ки дар ғояҳое, ки ТЭТ ҲНИ талқин мекард, ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ холӣ буд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин раванди пурхатар чунин таъкид доштаанд:

55_4.jpg“Воқеан, дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо арҷгузоштан ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем. Ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем. Хусусан дар шароити торафт тезу тунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем”.

Иштирокдорони конфронс таъкид намуданд, ки имрӯз ҳар як фарди огоҳи Ватан бояд бо дарки масъулияти баланд дар муқобили амали онҳо дониш ва маърифати баланди худрои стифода карда, барои амал карди онҳо вокунишҳо далели қатъи нишон диҳанд.

 

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.