Гӯсолапарастӣ ҷузъи фалсафаи вуҷудии Муҳаммадиқбол

Он ҳама шӯъбадаҳо ақл, ки мекард он ҷо,

Сомирӣ пеши «асо»-ву «яди байзо» мекард.

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

 

Ин ҷо Хоҷа Ҳофиз талмеҳан ба мӯҷизаҳои Мӯсо онҳоро ба шӯбадбозиҳои ақл ва чашмбандли яҳуд сомирӣ, к ибо соҳирӣ дар муддати ғайбати Мӯсо мардумро гумроҳу гӯсолапараст карда буд, муқобил гузоштааст.  

Айнан кореро, ки дар муддати ба сифати муҳаррири сомонаи «Ислоҳ» ифои вазифа намуданаш М.Садруддин  иҷро менамояд. Ҷодугарӣ, шайтонӣ, фолбинӣ ва тафсирҳои норавову сатҳии М.Садруддин хати қримзро убур карда, ба шахсисти кормандони давлатӣ, ки ҷузъи пешрафтаи ҳар як ҷомеа мебошанд, ҳақоратро нисор мекунад, вазъиятро воруна нишон медиҳад.

Мухолифи аслӣ баёни фиребгарӣ  ва сиёсат ҷудоӣ мегузорад. Чунон сиёсатро ҳуққабозӣ пиндоштаанд, ин беиқболакҳо фазои маҷозиро ба майдони таҳқиру ҳақорат табдил додаанд. Ҳарчанд маълум аст, ки аз сиёсатмадорони роҳи каҷ, ки шоир онҳоро ҳуққабоз гуфтааст, таваққуъ ва интизори роҳи ростинро доштан куллан нодуруст аст, вале он чи ки М. Садруддинро аз дигарон мутамойиз мекунад, ӯ фишанги боздорандаи забону ва рафтори худро назорат намекунад. Намедонад, ки шахси оқил агар дарвозаро баст, панҷараро барои рӯзи мабодо боз мемонад.

Бо корҳое, ки Муҳаммадиқбол мекунад, интизор меравад ӯ то охири умр овораву ғариб мемонад. Ифшогариҳое, ки М.Садруддин бо дурӯғу рост  даст мезанад, пайомади хуб надоранд.  Афсурдагӣ ва изтиробҳои равонӣ дар мавқеъгириҳои Муҳаммадиқболи Садриддин вақтҳои охир баръало эҳсос мешавад. Мавзӯъҳо гуногунро дастак карда, боз анбӯҳи туҳмату ғайбатро бар сари кормандони ҳифзи ҳуқуқ мерезад. Намедонад, ки ҳама аъмол подош ва мукофот дорад. Парвози фикри Муҳаммидқбол ба андозае подарҳавост, ки аз Париж истода ҳукми кормандони давлатиро мебарорад.  Ин наҳзатиҳо хаёл мекунанд, ки замони ҳукумати ба ном мусолиҳаи миллист, ки мулло Абдуғаффор ҳам милиса буд ҳам амният ва намедонанд, ки касе аз ҷавобгирии қонунӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар канор нест.

Муҳамадиқболи овора намедонад, ки давлату давлатсозӣ ҳавсалаву дониш ва таҷриба металабад. Ғарбиҳо чӣ қадар давлати мутамарказ сохтанд. Қонун ҳукмфармо ва ҳуқукҳои ҳамаи инсонҳо дар мадди аввал. Ренессанс танҳо бо лаҷом задани муллоҳои насронӣ ба кор омад. Ин яқин аст. Тамоюли равшангарӣ ин тавр ба роҳ монда мешавад, на мисли наҳзатиҳо, ки боз барои ҷанги навбатии дохилӣ омодагӣ мебинанд.

Тоҷик халқи якдаставу муттаҳид аст, ин 30 нафар наҳзатие, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, ба ин ҳисоб шомил нестанд. Намешавад, ки бо тақдири миллат дар ду даҳсола 2 бор бозӣ кард.  Мардум ба шумо наҳзатиҳо ҳамчун хори марғелон менигараду шуморо як абзори хориҷӣ медонад.

Кадом давлатро дидӣ, ки аз муҳоҷирони мусаллаҳаш даъват ба амал мебарорад, ки биёед, баргардед. Ҳамин рафтори устодони  маънавиатро як бор ба таҳлил бигир. 5 млн. эрониро бе Ватан карданд ва то ҳол аз аспи ҷаҳолат нафуромадаанд ва ишорае ҳам барои созиш надоранд. Демократияи либералӣ бо омехтаи тундгароии наҳзатӣ дар ягон китоби сиёсатшиносӣ тасвир нашудааст, ки М.Садруддин мехоҳад амалӣ намояд. Наҳзатиҳо мехоҳанд ҳам охиратро соҳибӣ кунанд ва ҳам охиратро. Ягона фарде ки аз сар задани ҳар гуна нооромӣ дар ҷумҳурӣ табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ мекунад, М.Садруддин аст.

Таҳлили фаъолияти се соли охири шӯъбадабоз  оппозитсионери бахтбаргашта, дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли ӯ бардаву ғулом бошанд.  

 

Табаралӣ Сайвалиев, таҳқиқгар, сокини ш.Бохтар

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.