Рӯзи 28 март иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқ даъвати панҷум аз рӯйи шаш масъала дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҳмадалиев Шавкат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва даъватшудагон иштирок доштанд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия, яъне роҷеъ ба “Рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи саноат, энергетика ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ лар ноҳия” муовини раиси ноҳияи Қубодиён Тоҷиев А. баромад намуда, дастовардҳо ва камбудиҳо дар ин самтро мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамчунин масъалаҳои мазкур аз тарафи музокиракунандагон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти иҷлосия масъалаҳои дигари рӯзнома мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифта, қарорҳои раиси ноҳия, ки миёни иҷлосияи сенздаҳум ва чордаҳум қабул карда шудаанд, тасдиқ гардиданд.
Дар фарҷоми иҷлосия раиси ноҳияи Қубодиён ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фикру мулоҳиза ва дастуру супоришҳои худро роҷеъ ба ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар масъалаҳои баррасишуда пешниҳод намуданд.