Бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳия ва собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муборакбод мегӯяд.
Дар воқеъ кормандони амният дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи марзу буми диёри азизамон диловарии бемисл нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарин мебошад.
Ба ин муносибат барояшон тансиҳатӣ, умри босаодат, рӯзгори ободу осуда ва дар фаъолияти босамару пурмасъулияташон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва суботу амният барору комёбӣ орзу намуда, барои саҳми арзандаашон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона изҳори сипос ва миннатдорӣ баён менамоям.