Амрико сомонаеро, ки бо забони тоҷикӣ матлаб нашр мекард, баст

Як расонае, ки бо забони тоҷикӣ матлаб нашр мекард, дар баробари 92 сомонае, ки муфаттишони амрикоӣ марбути созмонҳои ҷосусии Ҷумҳурии исломии Эрон донистаанд, аз ҷониби Вазорати адлияи Амрико масдуд шудааст.

Сомонаи “Рисолат” (risolattj.com), ки ба забони тоҷикӣ ва бо хати кириллӣ барои мухотабон дар Тоҷикистон матлаб нашр мекард, “зидди манофеи ИМА” унвон шудааст.

Дар ин торнамо ба ҷуз аз хабару гузоришҳо аз Тоҷикистону ҷаҳон, ки бо шеваи монанд ба расонаҳои расмии Эрон тақдим мешуданд, инчунин изҳороту муроҷиатҳои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ низ пайдо мешуд.

Ҳеҷ гуруҳ ё созмоне дар Эрон ва хориҷ аз он ба кӣ таалуқ доштани ин сомонаро тасдиқ, ё рад накардааст.

“Рисолат”, зоҳиран замоне таваҷҷӯҳи мақомоти амрикоиро ҷалб кард, ки пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, генерали баландмақоми эронӣ ба маротиб фаъол шуд.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп аз сӯи артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Амрико Қосим Сулаймониро дар қатли садҳо сарбози амрикоӣ дар минтақа муттаҳам дониста, ӯро "террорист" эълон карда буд.

Пас аз кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ин сомона ҳафтае даҳҳо матлаби зиддиамрикоӣ нашру паҳн мекард.

Дар санаде, ки сомонаи расмии Вазорати адлияи Амрико рӯзи 16-уми декабр нашр кардааст, ном ва домейнҳои ин сомонаҳо оварда шудаанд.

Арон Сюарт, муфатиши Бюрои тафтишоти Амрико, ки баромади ин сомонаҳоро таҳқиқ кардааст, дар шарҳи ин тасмим навиштааст, ин сомонаҳо аз сӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон идора мешаванд ва матлабҳое, ки зидди манофеи Амрико нигаронида шудаанд, ба нашр мерасонанд.

Рӯйхати ин 92 сомона дар торнамои расмии Вазорати адлияи Амрико нашр шудааст ва дар миёни онҳо ба ҷуз аз risolattj.com ҳамчунон сомонаҳое ба мисли farhang-press.com, roushd.com низ ҳастанд, ки бо забони форсӣ дар бораи минтақаи Эрону Афғонистон ва Осиёи Миёна матлаб нашр мекарданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.