Дар Эрон як хабарнигори дигарандешеро қатл карданд, ки кори ӯ дар барангехтани тазоҳуроти саросарӣ алайҳи мушкилоти иқтисодӣ дар соли 2017 мусоидат кардааст. Хабаргузории нимарасмии ИСНА рӯзи 12-уми декабр хабар дод, ки дар Додситони инқилобии Теҳрон гуфтаанд, Руҳулло Замро ба дор овехтаанд.
Пеш аз иҷрои ҳукми қатл Додгоҳии Олии Эрон ҳукми хабарнигори 47-соларо бетағйир гузошт. Ҷомеаи байналмилал додгоҳро барои ин кораш маҳкум ва танқид кард. Руҳулло Замро моҳи июн Додгоҳи Инқилобии Эрон ба қатл маҳкум кард, ҳарчанд ба гуфтаи созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, муҳокимаи хабарнигор “комилан ноодилона” сурат гирифтааст. Ӯро ба ҷосусӣ ва талош ба сарнагунсозии ҳукумат гунаҳкор донистаанд.
Вебсайти Руҳулло Зам бо номи Амаднюс ва канали ӯ дар Телеграм мардумро аз тазоҳуроти зидди мушкилоти сахти иқтисодӣ дар соли 2017 огаҳ мекард, ки ин тазоҳурот сипас дар саросари Эрон паҳн шуд. Дар ҷараёни он тазоҳурот бештар аз 20 нафар кушта шуданд ва ҳазорон каси дигарро дастгир карданд.
Руҳулло Зам, ки дар Париж кору зиндагӣ мекард, моҳи октябри соли 2019 ба таври шубҳабарангезе дар Теҳрон пайдо ва сипас дастгир шуд. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ гуфта буд, ки ӯро аз роҳи фиреб ба “дом” андохтаанд.