
Дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33 солагии баргузории Иҷлосияи XVII таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат ва меҳмонон дар саҳни Қасри фарҳанг аз намоиши асарҳои безаволи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, сипас дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия ҳозиринро ба муносибати ин санаҳои таърихӣ табрик намуд.
Раиси ноҳияи Қубодиён зимни баромади худ иброз дошт, ки ба ҳам баробар омадани таҷлили 33-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он ҳақиқати таърихие мебошанд, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.
Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад.
Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.
Дар идома таъкид дошт, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди таърихии тақдирсозест, ки дар таърихи давлатдории навини мо мақом ва ҷойгоҳи махсуси худро дошта, оғози марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ гардидааст.
Дар баромади раиси ноҳия қайд карда шуд, ки таҷлили ин рӯзҳои фархунда рамзи эҳтиром гузоштан ба меҳнату талош ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ сафинаи давлатдориро бе осеб пеш бурда истодааст.
Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи боэътимоди тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ намуда метавонад.
Дар поёни чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби маърифатию консертиро пешниҳоди ҳозирин намуд.


































