
Терроризм ва экстремизм аз таҳдидҳои ҷиддии амнияти миллӣ ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами башарият табдил ёфтаанд. Ин зуҳурот на танҳо ҷони одамонро зери хатар мегузоранд, балки арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳоро низ коста менамоянд.
Гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ бо истифода аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ, бештар ҷавонони ноогоҳро ба доми худ мекашанд. Норасоии маърифати динӣ, мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи пасти огоҳӣ, таҳсили нокофӣ дар бораи дин ва таъсири таблиғоти ғаразнок омилҳое мебошанд, ки ҷавононро ба ин равандҳои пурхатар майлнок мегардонанд.
Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва динӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти солим, дастгирии иҷтимоии онҳо, танзими дурусти муҳити иттилоотӣ, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа аҳамияти хоса дорад. Ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва бештар аз ҳама оила метавонад нақши ҳалкунанда бозад.
Дар ниҳоят, таъмини амният ва суботи давлат аз масъулияти умумии ҳар шаҳрванди кишвар аст. Ҳар яке аз мо бояд бо огоҳӣ, масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ ба ҷилавгирӣ аз таблиғоти ифротӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият саҳмгузор бошем. Пешгирии терроризм ва экстремизм танҳо бо талоши муштараки ҷомеа, махсусан ҷавонони огоҳу соҳибмаърифат имконпазир аст.
Бояд тарафдори ваҳдати миллӣ ва истиқлоли кишвар ва оромии ин Ватан бошем.
Бигзор, бадхоҳи касон ҳеч ба мақсад нарасад...


































