Activities calendar
24 November 2021
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ табрику таҳният намуда, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллиро яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол унвон кард.
Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад. Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад.
МУҚАДДИМА
Соҳиб шудан ба давлати миллӣ – натиҷаи муборизаҳои ҷоннисорона барои истиқлоли миллӣ мебошад. Ва бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифз кардани абадияти миллат, ҳамчунон нишонаҳои асосии он - забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст.
Миллат зуҳуроти сирф диалектикист. Давраҳои пайдоиш, рушд ва камолот дорад. Инкишофи миллатҳо аз хосияти этникӣ, характер, анъана, урфу одат, рӯҳ ва мафкураи миллӣ, захираҳои табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, релйеф, таносуб ва муносибатҳои геополитикӣ вобаста мебошад.
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735191 ноҳияи Қубодиён
кӯчаи И. Сомонӣ 200
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.