ВАТАН МУҚАДДАС АСТ: ПОСУХ БА ТУҲМАТҲОИ БЕГОНАПАРСТОН

Вақте аз дур истода, бар зидди Ватан сухан мегӯянд, қалби ҳар як инсони ватандӯст ба дард меояд. Зеро Ватан танҳо як мафҳуми ҷуғрофӣ нест — он хотира, таърих, забон, фарҳанг ва ҳастии мост. Аммо, мутаассифона, имрӯз бархе афроде пайдо шудаанд, ки бо вуҷуди мансубият доштан ба ин сарзамин, аз хориҷи кишвар нишаста, нисбат ба он суханони носазо ва туҳматомез баён мекунанд.

Ин гуна рафтор пеш аз ҳама саволи виҷдонро ба миён меорад: чӣ гуна метавон худро фарзанди як миллат донист, вале ҳамзамон ба шаъну эътибори он латма зад? Онҳое, ки имрӯз бо суханони заҳролуд баромад мекунанд, фаромӯш кардаанд, ки маҳз ҳамин Ватан онҳоро ба воя расонидааст, ба онҳо забон омӯхтааст.

Шахсоне ба монанди Кабирӣ ва Иқболбӣ худ замоне аз имкониятҳои ин сарзамин баҳра бурдаанд, имрӯз ба ҷойи сипосгузорӣ, роҳи бадгӯӣ ва туҳматро пеш гирифта, ба хотири як луқмаи хоҷагони хориҷии худ кӯшиш мекунанд, ки дар дили мардум тухми шубҳа бикоранд, бовариро коста гардонанд ва фазои ҷомеаро ноором созанд. Аммо онҳо як чизро ба инобат намегиранд — миллати тоҷик миллати дорои хирад ва таҷриба аст.

Мардуми мо таърихи пурпечутобро паси сар кардааст. Мо рӯзҳои сахтро дидаем, аз имтиҳонҳои вазнин гузаштаем ва арзиши сулҳу суботро бо тамоми ҳастӣ дарк кардаем. Барои ҳамин ҳам, имрӯз ҳар як фарди бедор хуб медонад, ки пушти ҳар як овозаи бардурӯғ чӣ ниятҳо ниҳон аст.

Ватан барои мо муқаддас аст. Он на танҳо макони зист, балки мояи ифтихор ва сарчашмаи ҳувияти миллии мост. Ҳар як гӯшаи он бо заҳмати падарону модарон, махсусан талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обод шудааст. Пешрафтҳое, ки дар кишвар ба даст омадаанд, худ ҷавоби равшан ба ҳар гуна туҳматҳои беасоси хоинон мебошанд.

Имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи рушд ҳаракат мекунад. Ин роҳ осон нест, вале он роҳест, ки бо заҳмат, сабр ва иттиҳод тай мешавад. Дар ин роҳ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳисси масъулият дошта бошад ва дар ҳифзи суботу оромӣ саҳм гузорад.

 

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.