
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва оворагардӣ, инчунин пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили хурофотпарастӣ ва тақлидкорӣ ба сару либос ва фарҳанги бегона, бо сокинон ва фаъолони деҳаи Гулчини Ҷамоати деҳоти Навобод вохӯрии судманд баргузор намуд.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ муовини сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ ва роҳбари ҳаракати ҷавонони «Авангард» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Алиҷон шомил буданд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пешгирии таъсири омилҳои манфии беруна ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки танҳо бо ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа метавон пеши роҳи падидаҳои номатлубро гирифт ва муҳити солиму созандаро барои тарбияи насли ҷавон таъмин кард.
Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба масъалаҳои риояи қоидаҳои рафтор дар ҷомеа, истифодаи оқилонаи технологияҳои муосир, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна ғояҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва таҳкими суботу амният аҳамияти муҳим дошта, минбаъд низ идома дода хоҳанд шуд.


































