ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ҶАВОБИ ҚОТЕЪ БА ИҒВОҲОИ ХОРИҶӢ

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки муборизаҳо на танҳо дар майдони иқтисодиву сиёсӣ, балки дар фазои иттилоотӣ низ ҷараён доранд, падидаи ҷангҳои иттилоотӣ ба як воқеияти инкорнопазир табдил ёфтааст. Имрӯз бархе афроди хориҷнишин бо истифода аз имкониятҳои фарохи шабакаҳои иҷтимоӣ ва минбарҳои хориҷӣ худро ҳамчун “ҳимоятгарони ҳақиқат” муаррифӣ менамоянд, аммо дар асл бо паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, таҳрифшуда ва ҳадафҳои ғаразноки хоҷагони хориҷии худ кӯшиш мекунанд, ки афкори ҷомеаро гумроҳ созанд.

Ин гуна афрод, ба монанди Кабирӣ ва Иқболбӣ аз муҳити воқеии кишвар, аз набзи зиндагии мардум ва аз раванди воқеии рушди ҷомеа комилан дур мондаанд. Онҳо воқеиятро на аз дохил, балки аз паси айнаки ғаразнок мебинанд. Ҳамин аст, ки ҳар гуфтаи онҳо бештар ба ҳасад, таҳриф ва туҳмат асос ёфтааст.

Бояд ошкоро гуфт, ки чунин амалҳо на танҳо амали ғайриахлоқӣ, балки нишонаи хиёнат ба миллат аст. Аммо дар баробари ин, ҷомеаи имрӯз дигар он ҷомеаи соддаву зудбовар нест. Мардуми огоҳ ва таҳлилгар хуб дарк мекунад, ки пушти чунин таблиғот манфиатҳои муайяни сиёсӣ ва геополитикӣ пинҳонанд.

Таърих борҳо нишон додааст, ки душманони ҳар як давлат пеш аз ҳама мекӯшанд бо роҳи таблиғоти бардурӯғ ва паҳн намудани овозаҳо пояҳои боварии мардумро суст намоянд. Маҳз ҳамин ҳадафро низ имрӯз бархе аз ин хориҷнишинон пайгирӣ мекунанд — эҷоди шубҳа, костани эътимод ва барангехтани норозигӣ.

Аммо фаромӯш набояд кард, ки Тоҷикистон як марҳилаи хеле ҳассоси таърихиро паси сар намудааст ва таҷрибаи талхи нооромиҳоро аз сар гузаронидааст. Мардуми кишвар хуб медонад, ки сулҳ ва субот чӣ арзиш дорад ва чӣ қадар заҳмат талаб мекунад. Аз ин рӯ, ҷомеаи имрӯза ба ҳар гуна даъватҳои иғвоангез бо эҳтиёткорӣ ва таҳлил муносибат менамояд.

Имрӯз давлат бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди иқтисодӣ, таҳкими инфрасохтор ва таъмини амният ба натиҷаҳои назаррас расидааст. Пешрафтҳо дар соҳаҳои гуногун — аз маорифу тандурустӣ то саноату роҳсозӣ — далели равшани ин гуфтаҳост. Маҳз ҳамин дастовардҳо баъзе неруҳои бегона ва ҳампаймонҳои дохилии онҳоро нигарон карда, онҳоро водор месозанд, ки бо роҳи туҳмату бадномсозӣ ба ин раванд халал расонанд.

Хулоса, туҳмату иғво наметавонад ҳақиқатро пинҳон созад. Ҳақиқат мисли офтоб аст — дер ё зуд рӯшан мешавад. Миллати тоҷик, ки дорои таърихи бой ва фарҳанги ғанӣ аст, роҳи дурусти худро интихоб кардааст ва бо итминони комил ба сӯи ояндаи обод қадам мезанад.

 

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.