
Дар ҷаҳони муосир, терроризм ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва ҳаёти инсонҳо маъруф аст. Ин падида на танҳо ҳаёти ҳазорҳо одамро аз байн мебарад, балки тарсу ҳаросро дар ҷомеа паҳн мекунад, иқтисодиётро хароб месозад ва арзишҳои инсониро поймол менамояд. Терроризм ҳамчун амали зӯроварӣ барои тарсондани ҷомеа ва ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ муайян карда мешавад. Вале ин падида на танҳо ҷинояти вазнин аст, балки ҳамла ба арзишҳои асосии башарият – ҳаёт, озодӣ ва амният мебошад. Танқидгарон терроризмро ҳамчун “ҷанги нав” ё падидаи тундгароӣ маҳкум мекунанд, ки фақат харобӣ меоварад. Масалан, дар таҳлилҳои байналмилалӣ, терроризм ҳамчун тактикаи ғайриинсонӣ танқид мешавад, ки ба ҳалокати бегуноҳон оварда мерасонад.
Паёмадҳои терроризм ва экстремизм фоҷиаборанд ва ҳамеша танқид мешаванд. Аз ҳалокати ҳазорҳо инсонҳо то харобии иқтисодӣ ва маънавӣ. Масалан, ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризм на танҳо ҳаётро аз байн мебарад, балки ҷомеаро тақсим мекунад ва тарсу ҳаросро паҳн менамояд.
Дар Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳодисаҳои тундгароӣ, терроризм ҳамчун омили ноустуворӣ танқид мешавад. Он на танҳо иқтисодиётро бозмедорад, балки ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунад, ҷавононро ба роҳи нодуруст мебарад ва ҷомеаро хароб менамояд.
Ҳар яки мо бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд фаъол бошем ва яке аз самтҳои калидии ин мубориза — баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки амният ва оромии ватан аз рафтор ва муносибати ӯ вобаста аст. Ватандӯстии ҳақиқӣ дар он зоҳир мешавад, ки шахс ба қадру манфиати умумӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили мардуми худ эҳтиром мегузорад.
Бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки терроризм ва экстремизм падидаи харобиовар буда, сабаби аз байн рафтани сулҳу оромӣ ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар дили одамон мебошад. Ҳар як фард бояд тарафдори сулҳ ва ваҳдати миллӣ бошад.


































