ВАҲДАТ ВА ЯКДИЛӢ СИПАРИ МОСТ!

Чӣ гунае, ки ба ҳама маълум аст, терроризм ва экстремизм имрӯз аз хатарноктарин зуҳуроте ба ҳисоб мераванд, ки на танҳо амнияти як давлат, балки суботи ҷаҳониро таҳдид мекунанд. Ин падидаҳо ба воситаи тарсофарӣ, зӯроварӣ ва таҳдиди ҷомеа мекӯшанд дастовардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро барҳам зананд. Мутаассифона, кишвару минтақаи мо низ аз ин хатари глобалӣ канор намондаанд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи шаҳрвандӣ, инсондӯстона ва миллӣ мебошад.

Яке аз роҳҳои паҳншавии ин тафаккури зараровар — иғвогарӣ ва таблиғоти душманони миллат аст, ки аксаран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои пур аз маълумоти бардурӯғ сурат мегирад. Ин афрод, ки дар асл манфиатҳои бегонагонро ҳимоя мекунанд, мекӯшанд бо таҳрифи воқеият, паст задани арзишҳои миллӣ ва бадномсозии давлат дар байни ҷавонон тухми ноумедӣ, нобоварӣ ва бадбинӣ кошанд. Ҳадафи асосии онҳо тасҳеҳи афкори ҷамъиятӣ ба фоидаи худ ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои хатарнок мебошад.

Ҷомеаи мо бояд дар муқобили ин зуҳурот ҳушёр бошад. Пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷавонон бояд баланд бардошта шавад. Таълим додани арзишҳои ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, худогоҳии миллӣ ва масъулияти ҷамъиятӣ метавонад ҷавононро аз таъсири андешаҳои дурӯғин эмин нигоҳ дорад. Оила, мактаб, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои давлатӣ бояд дар ин раванд ҳамкории зич дошта бошанд. Тамоми сокинони давлат бояд ба қадри ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар расанд ва бояд шукргузори ин сулҳу осоиштагӣ бошанд.

Душманони миллат бештар аз соддалавҳӣ ва камогоҳии одамон истифода мебаранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ — яке аз василаҳои муҳими пешгирии иғво мебошад.

Дар ниҳоят, хотиррасон бояд кард, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳои муқаддасанд. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки барои ҳифзи онҳо саҳмгузор бошад ва барои ҳифзи он кӯшиш намояд ва ба тарғиботи иғвогаёна дода нашавад, зеро ин роҳи хато на танҳо худи шахсронобуд месозад , балки барои кулли мардуми ҷаҳон хатар эҷод менамояд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо кори давлат нест — ин рисолати умумимиллӣ аст, ки бо иттиҳоду ҳамбастагӣ метавонем онро иҷро намоем.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.