СУЛҲ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

Имрӯз, ки ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст, ҳифзи суботу амният ва оромии ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар як шаҳрванди худогоҳи ватани азизи мо мебошад. Дар чунин шароит, бедории сиёсӣ ва зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванд муҳим буда, ватандӯстию ватанпарварӣ бояд қутбнамои ҳар яки мо бояд бошад.

Гурӯҳҳои ифротгаро, ки дар ниқоби суханони зоҳиран гуворо ва шиорҳои “адолат” ва “озодӣ” ба миён мебароянд, дар асл ҳадафҳои носолиму ногувор доранд: барҳам задани суботи ҷомеа, заифсозии ҷомеа ба воситаи аз байн бурдани ваҳдати миллӣ ва паҳн намудани ақидаҳои ифротгароёнаи сиёсӣ ва динӣ. Онҳо бештар ҷавонон ва нафарони камтаҷрибаро ба доми худ кашида, ба боварии онҳо дохил шуда, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ахбори бардурӯғ ва таблиғоти ниҳониро паҳн карда, мехоҳанд сулҳу суботро аз ҷомеаи мо набуд созад, аммо, ман боварӣ дорам, ки ҷомеаи мо аз таҷрибаи худ чӣ будани ваҳдати миллиро аз ҳодисаҳои нохуши солҳои 1991-1997 дар ёд дорад ва баҳри нигоҳдошти он кӯшиш мекунад.

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва ифротгароӣ бештар ҷавононеро таҳти таъсир қарор медиҳанд, ки дониш ва огоҳии кофӣ надоранд, аз ҷомеа канораҷӯянд ё бо мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯянд. Гурӯҳҳои ифротӣ аз ин ҳолат истифода бурда, онҳоро бо ваъдаҳои дурӯғ ва шиорҳои динию сиёсӣ гумроҳ месозанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ахлоқи ҷавонон дар ҷомеаи мо кӯшиш ба сар дода мешавад.

Ҳар яки мо бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд фаъол бошем ва яке аз самтҳои калидии ин мубориза — баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки амният ва оромии ватан аз рафтор ва муносибати ӯ вобаста аст. Ватандӯстии ҳақиқӣ дар он зоҳир мешавад, ки шахс ба қадру манфиати умумӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили мардуми худ эҳтиром мегузорад.

Мо бояд сулҳ ва ваҳдати миллиро пос дорем, ҷавонон бояд фирефтаи даъвати нохалафон нагардад ва бояд дар хотир нигоҳ дошт: ЯГОН ТЕРРОРИСТ Ё ЭКСТРЕМИСТ МАҚСАДИ ОБОД КАРДАНИ ЯГОН КУНҶИ ДУНЁРО НАДОРАД!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.