ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ИШМУРОД НИЁЗОВ ОИД БА ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН ГУЗОРИШ ДОД

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар ноҳия даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона ҷараён дошта, ҷавонони ноҳия баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди Модар – Ватан ба Комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳозир мешаванд.

Вобаста ба ин, имрӯз  раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов Шарифзода Муҳаммад гузориш дод, ки дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аввалин шуда сарбаландона нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артишро иҷро намуд.

Қайд гардид, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои судманд гузаронида шуда, ҷавонон бо дарки масъулият дар назди Ватан – Модар бо ихтиёр ба Комиссаиати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, баҳри адои қарзи фарзандӣ ба хизмат сарфарбар карда шуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.