Сухани табрикотии раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садридинзода Бадриддин Талбак ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ,

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо кардааст. Аҳамияту арзиши баланди Конститутсияро моҳияти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он нишон медиҳад, зеро чунонки дар Конститутсия таъкид гардидааст, ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои чандандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ин санаи бузург табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш ва ба ин санади муқаддасу таърихиамон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Агар ба даст овардани Истиқлолият зарурати қабули Канститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид”

Зикр бояд кард, ки раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия мушкил мегузашт, зеро он вақт таъсири мафкураву арзишҳои даврони шӯравӣ ҳанӯз хеле қавӣ буд ва дарки арзишҳои нави ҷомеа, аз ҷумла гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, шаклҳои гуногуни моликият, иқтисоди бозаргонӣ, соҳибкорӣ ва монанди инҳо хеле дарднок ва бо душворӣ қабул мешуд.

Барои дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ намудани ин меъёрҳо баҳсҳои доманадор сурат мегирифтанд ва оқибат бо санҷида шудани ҳамаи паҳлуҳои мусбату манфии онҳо барои рушди минбаъдаи давлат ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеаи кишвар мо ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ шудем.

Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 - уми ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари кулли онҳо ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.

Раъйи мардум ба тарафдории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ яъне интихоби тақдири ояндаи ободу осудаи кишвар зарбаи ҷонкоҳ ба нерӯҳои радикаливу таррористӣ - тарафдорони бунёди давлати исломӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо гардид.

Яъне халқи тоҷик бо роҳи ифодаи озодонаи мавқеи худ аввалин маротиба имконияти таърихии қабули бевоситаи ин ҳуҷҷати бунёдии сиёсиро бо азму иродаи хеш амалӣ намуда, барои эъмори пойдевори ҳуқуқии давлати мустақили демократӣ ва дунявии Тоҷикистон асоси мустаҳкам гузошт.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар заминаи Конститутсия бо дарназардошти талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид.

Вобаста ба аҳамияти таърихии Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба қабули ин санади тақдирсоз изҳор доштанд, ки «Ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст».

Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд.

Ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин, бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати навтаъсис, аз ҷумла давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти иҷтимоии давлатро кафолат додааст.

Мардуми ноҳияи Қубодиён низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи кишвар аз ин кафолатҳои Конститутсия бархӯрдор мебошанд. Имрӯз тамоми кору бор, фаъолияти мо ба он равона карда шудааст, ки ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд риоя карда шавад.

Боиси шукру ифтихор аст, ки дар 31 соли соҳибистиқлолӣ ноҳияи мо чун яке аз гӯшаҳои Ватани азизамон хеле рушд намуд. Имрӯз сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати комил ва дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ҷамъиятӣ, вазифаҳои давлатӣ ва ободонию шукуфоии диёру кишварамон ҷаҳду талош меварзанд.

Конститутсия шакли идоракунии Президентиро эълон намуд, волоияти меъёрҳои конститутсиониро ба дараҷаи олӣ бардошта, ба он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба зиммаи халқ гузошт.

Итминони комил дорем, ки бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи муқаррароти ин санади муҳими тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар дар ҳамдастию ҳамфикрӣ пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшида, бобати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ҷаҳду талош мекунанд.

Бори дигар мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати ҷашни мубораки Рӯзи қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон табрик гуфта, ба тамоми ҳамдиёрони азизамон саломатию хушбахтӣ, хонаи ободу рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.