Суханронии раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин дар маросими сафарбарнамоии даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ дар ноҳия

Муҳтарам даъватшавандагон, афсарону сарбозон!

Падарону модарони гиромӣ!

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022, №451 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро  адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон, аз ҷумла, дар ноҳияи Қубодиён барои муташакилона сафарбар намудани ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ оғоз гардида, ҷавонони бонангу номуси Ватан барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар – Ватан баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳимат баста, бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд.

Барои ташаббуси содиқона, меҳру муҳаббати ҷовидона, бастани камари ҳимати мардонагӣ ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ орзу намуда, минатдории хешро баён карда, хоҳони онам, ки ҳамеша сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвари соҳибистиқлоли азизамон пойдор бошад.

Сол аз сол зиёд гардидани сафи ихтиёриён барои адои хизмати ҳарбӣ шаҳодат аз пешрафт, ободию осудагии кишвари азизамон мекунад.

Баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намудани даъвати тирамоҳии ҷавонон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соҳибкасб намудани ҷавонони синни даъватӣ тамоми чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон дар маҷмӯъ 100 нафар ҷавонон, ки аз ин шумора 60 нафар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 20 нафар бо дастгирии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши курсҳои ронандагӣ ва 20 нафар аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ба омӯзиши курсҳои кутоҳмудати касбомӯзӣ   фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома ва диполом гардиданд.

Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст.

Бинобар ин моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар рӯҳияи қаҳрамонию диловарӣ, ҷасорат, муҳаббати зиёд доштан ба халқу диёри худ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи фарзандии худ донистан тарбия намоем.

Зеро Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафҳои Артиши миллиро натанҳо ҷойи адо кардани қарзи фарзандӣ, балки мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоати мардонагӣ ҳисоб мекунад. Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва тезу тунд шудани равандҳои геопалитикӣ ва геосиёсӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, хусусан масъалаи таъмини амният дар хатти марзи давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, аз ҳар як ҷавонписари бо нангу номус ҳисси баланди ватандӯстӣ ва  шуҷоату мардонагиро беш аз пеш талаб менамояд.

Дар воқеъ набояд фаромӯш кард, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон Артиш буд ва то абад хоҳад монд.

Бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароиту имкониятҳо муҳаё гардида, қисмҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ таъминанд, ки баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини бехатарӣ, сулҳу субот ва дар таъмини амнияти кишвар омодаанд.

Боварӣ дорам, ки дар оянда насли наврасу ҷавонон ба ғамхориҳои Пешвои миллат, ин ташаббус ва иқдоми некро идома дода, барои ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини бехатарӣ, амният, сулҳу субот, ҳисси баланди ватандорӣ ба миллату давлати хеш омода мешаванд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.