ТАҶЛИЛИ 31-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛ

Сокинони ноҳияи Қубодиён ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.

Ба ин муносибат дар ноҳия як қатор чорабниҳо, аз ҷумла ба истифода додани иншооти ҷашнӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин субҳи имрӯз дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои соҳаҳо, маҳсулоти хоҷагии халқ ва ҳунари дастии сокинон бо иштироки васеи сокинон доир гардида, аз ин намоиш раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин, намояндаи Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Файзализода Қобил дидан намуданд.

Сипас дар толори қасри фарҳанг бахшида ба ин ҷашни фархунда маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, дар оғози он раиси ноҳияи Қубодиён ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо рӯҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Дар идомаи бароади худ қайд намуд, ки таҷлили санаи ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии одии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз сарнавишт ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза бо дирӯз ва тарҳрезӣ намудани дурнамо барои фардои халқи азизамон мебошад.

Дар баробари ин таъкид карда шуд, ки барои сокинони меҳнатдӯсти Қубодиёни бостонӣ Истиқлол рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, заминаи рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад.

Имрӯз мардуми ноҳияи Қубодиён аҳлона дар фазои сулҳу субот, дӯстиву якдигарфаҳмӣ меҳнат карда, бо сохтмон ва бунёди иншоотҳои гуногуни маъмурию давлатӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот симои ноҳияро ободу зебо гардониданд. 

Корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкории сартосарӣ, ки дар мамлакат бо ҷалби тамоми қишри аҳолӣ баамал омаданд бевосита аз ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифт.

Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ аз номи Ҳукумтаи ҷумҳурӣ ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 31-солагии Истиҷлоли давлатӣ табрик намуда, Истиқлолиятро неъмати бебаҳо хонда, ҳифзи онро чун гавҳараки чашм муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри рушду пешрафти маҳал, ҳифзи суботу оромӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат тамоми чораҳоро андешида, ҷиҳати боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ барои хизматҳои шоён, дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҷониби вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён роҳбарият ва фаъолони ноҳия бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин медали сарисинагии “Аълочии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” ва Ифтихорномаи Вазорат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастовардҳои назарраси меҳнатии тамоми фаъолони ноҳия тақдим карда шуд.

Инчунин аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ як қатор фаъолони ноҳия бо медал ва ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои иштирокдорон барномаи ҷолиби театрикунонидашуда ва консертиро пешниҳод намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.