Паёми табрикии раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлтатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо рӯҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши таърихӣ тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландии халқи Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ҳарчанд ки сиву як сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Аз ин рӯ, ин давра бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад.

Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки “Ҳар соли истиқлоли давлатии мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.

Таҷлили санаи ба истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии одии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз сарнавишт ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза бо дирӯз ва тарҳрезӣ намудани дурнамо барои фардои халқи азизамон мебошад.

Барои сокинони меҳнатдӯсти Қубодиёни бостонӣ Истиқлол рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, заминаи рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад.

Имрӯз мардуми ноҳияи Қубодиён аҳлона дар фазои сулҳу субот, дӯстиву якдигарфаҳмӣ меҳнат карда, бо сохтмон ва бунёди иншоотҳои гуногуни маъмурию давлатӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот симои ноҳияро ободу зебо гардониданд. 

Корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкории сартосарӣ, ки дар мамлакат бо ҷалби тамоми қишри аҳолӣ баамал омаданд бевосита аз ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифт.

Вобаста ба ин, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлол бо фарогирии сохтмони 129 иншооти ҷашнии таъиноти гуногун ва доир намудани дигар чорабиниҳо тасдиқ ва таҳия гардида талаботи бандҳои он дар муҳлатҳои муқарраргардида ба иҷро расонида мешаванд.

Нақшаи чорабиниҳои мазкур фарогири бунёду таъмир ва азнавсозии иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониву коргоҳу корхонаҳои саноатӣ буда, сифатан иҷро гардидани он, бешубҳа, вазъи некуаҳволии сокинонро беҳтар гардонида, рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳалро таъмин менамояд.

Дар ҳақиқат соҳибистиқлолии мамлакат барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҷомеа, махсусан соҳаи илму маориф шароити мусоидро ба вуҷуд оварда, дар ноҳия як қатор иншоотҳои муҳими соҳа, бунёд гардиданд, ки дар ин раванд ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ дар бинои мактаб-интернати ноҳия барои 250 ҷойи нишаст дар як баст, бинои хобгоҳ дар назди мактаб-интернати ноҳия иборат аз 100 кат ва бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳияро метавон намунаи бемисли пешравиҳои соҳа дар солҳои охир номид.

 Ҳамзамон ба масъалаи таъмини ҷойи нишаст ва бунёди синфхонаҳои иловагӣ аҳамияти махсус зоҳир карда шуда, танҳо давоми соли таҳсили 2021 – 2022 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва падару модарон сохтмони 106 адад синфхонаи иловагӣ шурӯъ гардида, то имрӯз 22 адади он ба истифда дода шуда, 16 адад барои қабули хонандагон омода буда, сохтмони 68 адад синфхона барои 1488 нафар хонанда идома дорад. Дар ин давра як адад муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуд.

Соҳибистиқлолии мамлакат дар қатори дигар соҳаҳои ҷомеа барои рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ имконияту шароити мусоидро ба миён оварда, дар ин тавра муассисаҳои тандурустии ноҳия аз ҳар ҷиҳат такмилу инкишоф ёфта, сифати хизматрасонии тиббӣ низ сол аз сол беҳтар гардида истодааст.

Инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохмони 7 адад бунгоҳи тибби ба ба нақша гирифта шуда, соли равон як адад бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.

Бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат нақшаи бунёди корхонаҳои муҳими санотӣ таҳия гардида, бунёд ёфтани корхонаҳои мазкур барои эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон шароити мусоид фароҳам месозад.

Истиқлолият дар баробари ин, ки орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Дар хотима бори дигар тамоми сокинони нощияро бо ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ, сарбаландиву барори кор орзу менамоям. Бигузор Парчами Истиқлол доимо бар сари миллати кӯҳанбунёду номдор ва озоди тоҷик парафшон бошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.