ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо мақсади сазовор  ва дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол намудани 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳозиринро бо ин ҷашн табрик намуданд.

Зимни табрикоти худ раиси ноҳия иброз намуд, ки таърихи халқияту миллатҳои ҷаҳон санаҳои муҳим ва ҳаводисеро медонад, ки аҳамият ва арзиши онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳои ин ё он миллат баландтар мегардад. Чунин санаи барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму сарнавиштсоз Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ё Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар идома қайд гардид, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқӯъ пайваст, даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳи мо қурбон шуданд, даҳҳо ҳазор модарон бе фарзанд, занон бе саробон ва тифлон ятим монда, зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандони мо дар дохилу хориҷи мамлакат овораву саргардон шуданд.

Хатари аз ҳама даҳшатнок дар он шабу рӯзҳо ин буд, ки эҳтимоли пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ба воқеияти талхи таърихи муосири мамлакат табдил ёфта буд.

Рафъи ин хатарҳо пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба даст омад. Ба тасвиб расидани ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин барои мо тоҷикистониён сулҳи бунёдкорро армуғон оварда, барои вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ такони бузург бахшид.

Инчунин бо мақсади тарғибу ташвиқи муҳимияти ин сана аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба иштирокдорони чорабинӣ брошюраҳо тақсим карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ ба собиқадорону фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия барои фаъолияти пурсамари корӣ ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои гуногун сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертиро пешниҳоди ҳозирин намуд.

Ҳамчунин бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ ва бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва руҳбаландии сарбозон аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо дар дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди ноҳия дастархони идона ороста шуд.

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.