ИҶЛОСИЯИ 12 МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 12 маҷлиси вакилони халқ, даъвати шашум таҳти раёсати раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳия Садриддинзода Бадриддин баргузор гардид.

Масъалаҳои асосии рӯзномаи иҷлосия баррасии рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 21 апрели соли 2021, №498 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025” ва ҳисооти Комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ” буда, вобаста ба масъалаи якум муовини раиси ноҳия Эмомализода Турахон баромад намуда, роҷеъ ба вазъи амалишавии Барномаи мазкур ҳисобот пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки дар ноҳия 5 хоҷагии моҳипарварӣ амал намуда, ба истеҳсоли моҳиҳои гуногун машғул мебошанд. Дар идома раисони ҷамоатҳо ба сухан баромад изҳор доштанд, ки имконияти мавҷуда ҷиҳати роҳандозии фаъолияти моҳипарварӣ дар ноҳия ба маротиб зиёд буда, маҷрои дарёҳо аз ду самти ноҳия ба рушд додани ин соҳа имконият фароҳам овардааст.

Дар идома раиси Комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ” Тоҷинисо Шарипова ба сухан баромада, дар робита ба бурду бохти соҳаҳои иҷтимоии ноҳия ҳисобот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин дар рафти иҷлосия прокурори ноҳия Раҳмонзода Анвар Хол аз рӯи масъалаи сеюми иҷлосия вобаста ба вазъи риояи қонунгузорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ баромад намуда, вазъи риояи қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқиро дар панҷ моҳи сипаришудаи соли равон таҳлилу баррасӣ намуд.

Дар поёни иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Гулов Алимаҳмад сухан намуда, бобати рушди соҳа ва дар ин замина таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025-ро таъкид намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.