Табрикоти раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак бахшида ба 29-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихор ва фараҳмандии бузург аст, ки мо имрӯз ҳамчун миллати давлатдор дар фазои соҳибистиқлолӣ ва амну суботи кишвар тантанаи фирӯзӣ ва бахти накӯ дошта, чун инсонҳои хушбахт ва баиқбол имконияти таҷлили ҷашнҳои таърихии худро дорем.

Дар ин росто ба ҳам баробар омадани таҷлили 29-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он ҳақиқати таърихие мебошанд, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.

Ба ин муносибат тамоми мардуми шарифи ноҳияро табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва сарбаландию барори кор таманно дорам.

Гузашти 29-сол аз он рӯзи таърихие, ки чархи шикасти миллатро боз дошта, ҳалқаи наҷотро дар шароити маргбор насиби миллати мо гардонд, моро бори дигар ҳушдор месозад, ки дар ҳифзи соҳибдавлатӣ ҳушёру масъулиятшинос бошем.

Зеро арсаи муносибатҳои ҷаҳонӣ арсаи мубориза ва талошҳои руйиросту пинҳонӣ барои ҳифз ва ба даст овардани манфиатҳо буда, дар ин ҷода оне метавонад ғолиб бошад, ки қоидаҳои ин бозиҳои бузургро риоя намояд.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди таърихии тақдирсозест, ки дар таърихи давлатдории навини мо мақом ва ҷойгоҳи махсуси худро дошта, оғози марҳилаи нави ташаккули муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ гардид. 

Дар чунин як шароити ҳассосу пуртаҳлукаи сиёсӣ қабул намудани қарори хирадмандона, ба даст овардани созиш, новобаста аз гуногунии ақидаҳо ва мавқеъҳо, авфи гуноҳ, даъват ба бародарию баробарӣ, сулҳу созиш, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, талош барои нигаҳдории якпорчагии давлату сарҷамъии миллат - ин ҳама нишонаҳои асосии эҳёи хиради азалӣ ва ташаккулёбии фарҳанги нави сиёсӣ дар ҷомеа буд.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар ҳамин иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд.

Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо сардории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ, қатъӣ ва собитқадамона дорад.

Тасдиқи рамзҳои давлати тозаистиқлоли тоҷик имкон дод, ки минбаъд дар арсаи байналмилалӣ бо Парчаму Нишони миллии худ ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ муаррифӣ гардад.

Ҳамзамон, қайд намудан лозим аст, ки ташаккулёбии низоми нави давлатдорӣ, ки аз ҳамин иҷлосия сарчашма мегирад, бори дигар нақши таърихии шахсро дар марҳилаи тақдирсоз собит сохта, шоҳиди ба вуҷуд омадани ниҳоди нави сарварӣ дар кишвар гардид.

 Илм ва таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз фаъолияти мақсадноку ҳадафмандонаи ниҳоди сарварӣ қодир аст, ки дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ боиси наҷот ва таҳкиму рушди давлатҳои миллӣ гардад.

Аҳамияти таърихии фаъолияти ин ниҳодро имрӯз мо метавонем дар мисоли мактаби сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос намоем.

Таъмини сарҷамъии воқеии миллат ҳам яке аз вазифаҳои асосии ҳокимият ба шумор рафта, эътирофи мардум ба сифати сарчашмаи асосии ҳокимият яке аз нишонаҳои принсипи демократие буд, ки Раиси Шӯрои Олии кишвар дар ин иҷлосия эълон дошта буд.

Аҳамияти таърихии ин Иҷлосия бо гуфтаҳои боло маҳдуд нашуда, масъалаи асосии иҷлосия ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ буд, ки он аз интихоби роҳбарият, хукумат ва сохти нави давлатдорӣ дар ҷумҳурӣ оғоз ёфт.

Бо мақсади танзим, ба эътидол даровардани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва эҷоди заминаи ҳуқуқӣ дар ин Иҷлосия гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳадафи онро ташкили давлат бо сохтори идораи президентӣ дарбар мегирифт. Самараи фаъолияти ин гурӯҳи корӣ буд, ки соли 1994-ум дар натиҷаи баргузор намудани раъйипурсии умумихалқӣ Конститутсияи амалкунанда қабул гардид ва дар асоси он сохтори президентии давлат дар кишвар амалӣ карда шуд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат), ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад.

Инак, соли панҷум аст, ки дар сар то сари кишвар Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат ва руҳбаландии махсус қайд карда мешавад.

Ин рӯз рамзи эҳтиром гузоштан ба меҳнату талош ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ сафинаи давлатдориро бе осеб пеш бурда истодааст.

Арҷ гузоштан ба таърих ва хизматҳои шоистаи фарзандони фарзонаи миллат василаи бо эътимоди тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ буда, насли ҷавонро барои шинохти арзишҳои муҳими давлатдорӣ роҳнамоӣ намуда метавонад.

Имрӯз ҳамаи мо сидқан эътироф менамоем, ки мактаби ватандории Президенти мамлакат мактаби тарбияи насли худшиносу худогоҳ буда, баҳри роҳнамоӣ намудани ҷомеа нақши муҳим дорад.

Президенти кишвар муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, дар симои ӯ ҷаҳониён тоҷику Тоҷикистонро шинохта аст.

Дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, мустаҳкам шудани мавқеи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ натиҷаи татбиқи сиёсати дурандешонае мебошад, ки Пешвои муаззами миллат тайи ин солҳо амалӣ намуд.

Ноҳияи Қубодиён, ки яке аз минтақаҳои аз ҳама ҷиҳат зарардида дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, имрӯз маҳз тавассути ҳамин сиёсат ба як минтақаи пешрафтаи кишвар мубаддал гашта, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нишонаи гуёи нусрат ва баракати сулҳу салоҳ мебошад.

  Дар як давраи кутоҳи таърихӣ дар ноҳия даҳҳо муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатнок аҳамияти махсус доранд.

Дар ин замина ҳазорҳо нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилотии кишвар ва хориҷро хатм намуда, дар рушду инкишофи ноҳия ва ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.

Метавон бо боварӣ иброз намуд, ки ташаккули институти президентӣ дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ қадами ҷиддӣ, устувор ва қатъӣ гузошт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.