Қарорҳои раиси ноҳия
ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН АЗ 21. 12.2017, №1320
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
қарори раиси ноҳияи Қубодиён аз 3 феврали
соли 2017, №122 “Дар бораи таъсис додани
“Шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ” дар
сохтори маркази назорати давлатии санитарию
эпидемиологии ноҳияи Қубодиён”
Бо мақсади таъмини иҷрои қарори раиси ноҳияи Қубодиён аз 3 феврали соли 2017, №122 “Дар бораи таъсис додани “Шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ” дар сохтори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия” ва пешниҳоди муовини раиси ноҳияи Қубодиён аз 10 августи соли 2017, №4005 мутобиқи моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қ а р о р м е к у н а м:
1. Аз ном ва бандҳои 2 ва 3-и қарори раиси ноҳияи Қубодиён аз 3 феврали соли 2017, №122 “Дар бораи таъсис додани “Шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ” дар сохтори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия” калимаҳои “дар сохтори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия” хориҷ карда шуда, баъд аз калимаҳои “Шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ” калимаҳои “мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён” илова карда шавад.
2. Оиномаи Шуъбаи дезинфексияи профилактикии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад.
3. Сохтор, шумораи воҳидҳои кории Шуъбаи дезинфексияи профилактикии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба миқдори 05 воҳиди корӣ тасдиқ карда шавад.
4. Маблағгузории Шуъбаи дезинфексияи профилактикии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва дигар маблағҳои ба ин мақсад пешбинишуда амалӣ карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини соҳавии раиси ноҳия гузошта шавад.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён пешниҳод карда шавад.
Раиси
ноҳияи Қубодиён З. Файзуллозода