ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН БА МУНОСИБАТ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад. Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад.

Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдори мо соҳиби эҳтироми хоса мебошад. Воқеан, парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24-уми ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони ноҳияро табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо бахту саодат, рӯзгори орому осуда ва дар фаъолияти касбиатон барору комёбӣ таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионии хеш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ зикр намуда буданд, ки «Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад».

Воқеан ҳам, ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ нишони эҳтироми халқ ба муқаддасоти миллист, ки аз замири поки ҳар шахси ватандӯст сарчашма гирифта, барои мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолият заминаи боэътимод мегузорад.

Ин арзиши муқаддас ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат буда, дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.

Парчами имрӯзаи давлати мо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи омӯзиши амиқи таърихи давлатдории тоҷикон, анъана, расму оин ва рамзҳои миллӣ омода гардида, бо назардошти майлу иродаи мардум қабул карда шудааст.

Месазад ёдовар шавем, дар қабул гардидани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пештар мо 29-умин солгарди онро таҷлил намудем, хеле бузург аст.

Дар он Иҷлосияи таърихӣ Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон ҳамчун рамзи эҳтиром ба Ватан ва миллати хеш Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дида молида, сипас ба иҷрои вазифаи муққаддаси худ шурӯъ намуд.

Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон баёнгари мавҷудияти миллату давлати тоҷикон буда, ҷилои он дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ нишон аз давлату давлатдории тоҷикон мебошад.

Сокинони ноҳияи Қубодиён низ бо нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ чорабиниҳо доир намуда, онро ҷиҳати бедор сохтани худшиносиву худогоҳии тамоми қишрҳои аҳолӣ дар кӯчаҳои марказии ноҳия ва пештоқи  ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, кӯчаву роҳравҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хонаҳои истиқомативу биноҳои маъмурӣ бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ насб намудаанд.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Парчами Тоҷикистон рамзи ҳаёти ҷовидона, матонату шуҷоат ва таҷассумгари иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик, нангу номуси ватандорӣ, умед ба фардо ва талошҳо барои ободии Ватан мебошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.