ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин сокинони ноҳияро ба ин муносибат табрик намуда, қайд намуд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар идомаи суханронии худ раиси ноҳия изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурӣ новобаста аз халқияту миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот ва ғайра ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат додаст.

20211105_102010.jpgҲамчунин ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди қабули Конститутсия прокурори ноҳия Раҳмонзода Анвар табрик намуда, қайд намуд, ки риояи меъёрҳои Конститутсия, эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, барои зиндагии озоду осоишта ва рушди мамлакат заминаи асосӣ мебошад.

20211105_103242.jpgДар идомаи чорабинӣ барои фаъолиятҳои пурсамар ва натиҷаҳои назаррас ба як қатор шахсони арзанда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

20211105_112314.jpgБахши фарҳанги ноҳия бо барномаи ҷолиби консертӣ чорабиниро ба поён расонид.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.