ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ ЛИБОСҲОИ МАКТАБӢ ДАР НОҲИЯ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Бахшида ба оғози соли нави хониш дар маркази ноҳия ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ баргузор карда шуд.

20210807_084927.jpgДар ярмарка коргоҳҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия маҳсулоти худро бо нархҳои дастрас ва сифати баланд пешкаши сокинон намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ноҳия 4 адад коргоҳи дӯзандагӣ барои таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо либоси ягонаи мактабӣ фаъолият дошта, саҳми худро дар рушди истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ мегузоранд.

20210807_084800.jpgИқтидори истеҳсоли коргоҳҳои дӯзандагии ноҳия барои таъмини муссисаҳои таълимӣ бо либосҳои мактабӣ басанда буда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди фаъолияти соҳибкории онҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.