ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода дар як маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро ба ин санаи муҳими сиёсӣ табрик намуд. Раиси ноҳия зимни баромади худ изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад.

44_9.jpgҲамчунин қайд гардид, ки бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ карда, ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади халқи кишвар симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистони азизро дар худ инъикос намуд.

 

11_17.jpgИн санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати навтаъсис, аз ҷумла давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат додааст.

Гуфта мешавад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

22_79.jpgДар фарҷоми маҷлис аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фаъолияти пурсамар корӣ ба шахсони арзанда ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.